Амният ва махфият

Маълумоти оилаи шумо — танҳо барои оилаи шумо

Ҷойгиршавӣ, барномаҳо ва паёмҳои фарзанд чизҳои шахсӣ мебошанд. Дар ин саҳифа содда мегӯем, ки мо онҳоро чӣ тавр нигоҳ медорем ва кӣ онҳоро мебинад.

Ҳифз дар ҳар қадам

Аз лаҳзаи воридшавӣ то ҳар як навсозии харита.

Пайвасти рамзгузоришуда

Ҳамаи маълумот байни телефонҳо ва сервер тавассути HTTPS мегузарад. Дар роҳ онро хондан ғайриимкон аст.

Воридшавии тасдиқшуда

Воридшавӣ бо Google ё почта мустақиман тавассути сервери NIGOH. Сервер токени Google-ро худаш тасдиқ мекунад ва ба телефон калиди махсус медиҳад, ки дар база танҳо ҳамчун hash нигоҳ дошта мешавад.

Сервери худӣ

Маълумоти оила дар сервери NIGOH нигоҳ дошта мешавад, ки онро худи мо идора мекунем.

Рамзи якдафъаина

Рамзи пайвастшавӣ танҳо як бор кор мекунад ва пас аз 15 дақиқа беэътибор мешавад.

Танҳо волидайни пайвастшуда

Ҷойгиршавӣ ва рӯйхати барномаҳои фарзандро танҳо волидайне мебинад, ки телефони ӯро пайваст кардааст.

PIN ва ҳифз аз нестсозӣ

PIN-и волидайн танзимот ва нест кардани фарзандро ҳифз мекунад. Бе он барномаро аз телефони фарзанд нест кардан мумкин нест.

Мо чӣ ҷамъ мекунем ва барои чӣ

Танҳо он чизе, ки барои кори барнома лозим аст. Ҳар як маълумот вазифаи худро дорад.

МаълумотБарои чӣ
ҶойгиршавӣНишон додани ҷои фарзанд дар харита ба волидайн
Рӯйхати барномаҳо ва иконкаҳоТо волидайн барномаҳоро бубинад ва барояшон қоида гузорад
Вақти истифодаҲисоби вақти экран ва маҳдудиятҳои рӯзона
Паёмҳои чатРасонидани паёмҳо байни волидайн ва фарзанд дар чати оилавӣ
Email ва ном аз GoogleВоридшавӣ ба ҳисоб ва шинохтани аъзои оила

Мо чӣ намекунем

  • Реклама нишон намедиҳем.
  • Маълумоти шуморо ба касе намефурӯшем.
  • Пинҳонӣ назорат намекунем. Фарзанд медонад, ки барнома насб шудааст.
  • Ба паёмҳо дар барномаҳои дигар, паролҳо ва аксҳои фарзанд дастрасӣ надорем.
Шаффофият

Шаффофият барои фарзанд

NIGOH Family дар телефони фарзанд пинҳон нест. Иконкаи барнома дида мешавад ва ҳангоми насб ҳар як иҷозат шарҳ дода мешавад.

Мо боварӣ дорем, ки назорат бояд бо эътимод сохта шавад. Вақте фарзанд медонад, ки чӣ назорат мешавад ва барои чӣ, ӯ қоидаҳоро осонтар қабул мекунад ва ҳангоми мушкилӣ худаш ба шумо муроҷиат мекунад.

Пеш аз насб бо фарзанд гап занед. Фаҳмонед, ки барнома барои амнияти ӯст, на барои ҷосусӣ. Қоидаҳои вақти экранро якҷоя муайян кунед.

Назорат дар дасти шумо

Шумо ҳар вақт метавонед пайвастро қатъ кунед ё аз ҳисоб бароед.

Нест кардани фарзанд

Бо PIN-и волидайн фарзандро аз рӯйхат нест кунед. Пайванди байни телефонҳо пурра бекор мешавад.

Баромадан аз ҳисоб

Аз ҳисоб дар барнома ё дар сайт ҳар вақт бароед. Барои воридшавии нав тасдиқи нав лозим мешавад.

Нест кардани ҳисоб

Барои нест кардани ҳисоб ва маълумоти он тавассути ҳисоби худ дар сайт ба мо муроҷиат кунед.

Ворид шудан

Саволи дигар доред?

Ҷавобҳо дар бораи насб, пайвастшавӣ ва махфиятро дар саҳифаи саволҳо ёбед.